Дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд корхои паст кардани таъсири офатҳои табиӣ идома дорад. Бо иқдоми кормандони «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» бо иштироки 500 нафар хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон, намояндагони маъмурияти ҷамоатҳо, сокинони маҳаллӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Овчи–Калъачаи н.Б.Ғафуров ва Ростровути н.Деваштич аксияи ниҳолшинонӣ ва корҳои тозаву ободкунӣ доир гардид. Дар рафти аксия зиёда аз 1600 адад ниҳолҳо дар саҳни мактабҳо, каналу қитъаҳои обгузар шинонида шуд, ки барои самаранок мубориза бурдан бар зидди таназзулёбии замин мусоидат менамояд. Боиси зикр аст, ки то баргузории аксияи мазкур, хонандагон бо машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба масъалаҳои паст кардани таъсири офатҳои табиӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, сабаби рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва дар ин ҳолат чи гуна амал кардан фаро гирифта шуда буданд. Тибқи лоиҳа ҳамкории оянда бо хонандагон дар ин минтақаҳо барои баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ, омӯзиш ва рушди малака барои мустақилона гузаронидани семинарҳо ва машғулиятҳои интерактивӣ пешбинӣ шудааст.
Чорабиниҳои махсуси захираҳои моҳӣ оғоз гардид.
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №27 аз 13.03.2018 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 15 март то 31 майи соли 2018 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони қонунӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59
Вохӯрӣ дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.
Санаи 14 марти соли равон дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи Б.Ғафурови ш.Хуҷанд вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ доир гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии директори коллеҷ аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва зарурати қабул гардидани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин барои донишомӯзони ихтисосҳои биология ва тарбияи экологӣ бо мақсади бархурдор шудан аз олами набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ва омӯхтани ҷабҳаҳои ҳаматарафаи ин олами нодир ватанамон ду ҷилд “Китоби Сурхи” Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотномаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақдим карда шуд.
Вохӯрии донишҷўён дар Раёсат
Санаи 7 март дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо донишҷуёни курси 3-и ихтисоси биология, география ва экологияи факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист вохӯрӣ доир гардид. Намояндаи Раёсат дар бораи сохтор ва фаъолияти мақомот, муаммоҳои экологии вилоят, дар бораи зарурати қабул ва мақсаду вазифаҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва дигар масъалаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист маълумоти муфассал дод. Дар рафти вохурӣ донишҷӯён дар доираи мавзуъҳои баррасигардида ва дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.