Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.
Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид.