Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 6 марти соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Расулов вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони кӯдакистонҳо, омӯзгорони фанни биология, экология ва коргарони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд. Ба иштироккунандагон маълумот оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеъи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ пешниҳод гардида, ба саволҳои додашуда посух дода шуд.
Конференсия дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории зич дошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар радифи ин чорабиниҳо дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, факултети геоэкология бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 конференсия бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, донишҷӯён ва омӯзгорон доир гардид.
Семинар вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии ш.Конибодом
Раёсат баҳри татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистондар давраи то соли 2020» бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкориизичдошта, баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии аҳолӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ҳамзамон, санаи 28 феврали соли равон дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» семинар-вохӯрӣ таҳти унвони «Партовҳои бесоҳиб» бо иштироки намояндагон аз Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Олимова М.А. намояндаи Раёсат оид ба мақсад ва вазифаҳои қабул шудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», махсусан дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар моҳи феврали соли 2018 дар вилояти Суғд
Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, баҳри иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, дастуру супоришҳои и.в. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, дар миқёси вилояти Суғд дар давоми моҳи феврали соли равон, рӯзҳои шанбе чор маротиба, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва беҳбудии муҳити зист, ҳамчунин баҳри омодагӣ ба ҷашни Иди Наврӯз, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба ғайр аз ноҳияи Куҳистони Масчоҳ, аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид.