Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ, иҷрои бандҳои қарори Мушовараи Кумита аз 9.01.2018 санаи 25 январи соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он семинари бозомӯзӣ доир гардид. Тибқи барномаи семинар аз тарафи баромадкунандагон оиди нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Кодекси одоби хизматчии давлатӣ» ва «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор 2018-2028» баррасӣ гардид.
Аксияи “Тозагии маҳал”
Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштан ва беҳбудии муҳити зист 20 январи соли равон дар ш.Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
Дар аксия кормандони кӯдакистони Президентӣ, литсейи политехникӣ, Маркази дилу шараён, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ – техникии № 44 ва 56, кумитаи маҳаллаи Раззоқ, омӯзгорони мактаби ғайридавлатии “Сафина”, таваллудхонаи вилоятӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонон барои ҳифзи муҳити зисти атроф”, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ҳамагӣ 18034 нафар иштирок доштанд.
Соати сиёсӣ оид ба мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соати сиёсии кормандони мақомот бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тюраев Ҷамшед Аскарович бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати оғози ташаббуси нави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд карда шуд.
Тӯҳфаи 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер”
Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита, ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд моҳи январи соли 2017, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер” аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Маросими супоридани нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ”-и ш.Панҷакент ва н.Айнӣ барои кашонидани партов ва як адад барои насби таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоями симобдор бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода баргузор гардид.