Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳои экологӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар  шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои мухталиф ба монанди сӯҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Рузи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш.Хуҷанд доир гардид.

Ваҳдат

Санаи 23 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат тибқи нақшаи кори ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати милли ва Соли ҷавонон, бо кормандони Раёсат – мутахассисони ҷавон вохӯрии намояндаи КИ ХХДТ дар ш.Хуҷанд, сармуҳаррири рӯзномаи “Маърифати хукуки”, доктори илмхои иктисоди, устоди Донишкадаи иктисод ва савдо Азимов А.Ч. баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби маърӯзачи  оид ба корномаҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарории сулҳу субот ибрози назар карда шуда, оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба ин санаи фархунда, дастовардҳо дар Соли ҷавонон ва амсоли инҳо андешаронӣ сурат гирифт.

Консерти идона бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур  Нӯмонзода  баромад  намуданд. Бахшида 45-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз тарафи Раиси Кумита, сардори Раёсат ва КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд як қатор кормандони соҳа, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои байнал-халқӣ ва иштирокчиёни фаъоли аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» бо ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз қисми расмии барно-ма консерти идона бо иштироки ситораҳои санъати вилоят идома ёфт.

Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд

Бахшида баРӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — солҳои 2018-2028 бо иқдоми рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт», дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи таълимии гим-назияи № 13-уми шаҳри Хуҷанд Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо, гузоштани саҳми арзанда дар  тозагиву ободии кишварамон, поку беолоиш нигоҳ доштан ва самаранок  истифода бурдани  захираҳои обӣ буд. Кори Фестивалро - сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт» Зокиров И.  ифтитоҳ намуд. Дар оғози  фестивал  оид ба об ва хусусиятҳои он, сарфакорона истифода намудани он  байни иштирокчиён-хонандагони синфи 7-уми гимназияи рақами 13 бозии викторина гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.