Маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи

Бо мақсади ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии ҳавзаи Сирдарё ва обанбори «Баҳри Тоҷик», тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.10.2017, № 96 ва мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи  гузаронида шуда истодааст. 

Аз тарафи истифодабарандагони  захираҳои  табиии моҳии ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» мувофиқи нақшаи чорабинихои гузаронида, то имрӯз ба обанбори «Баҳри Тоҷик» 900 ҳазор  дона моҳичаҳо паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки сифати  моҳичаҳои паҳншуда, ба монанди  пешонапаҳн ва амури сафед ба талаботхои стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. 

Дар нақша ҳаст, ки миқдори моҳичаҳои паҳнкарда мешуда  дар соли равон ба як миллион дона расонида шавад.

Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

Санаи 29 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ду масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст ва вазифагузорихо барои фаъолияти мибаъдаи комиссия баррасӣ карда шуд.

Соати сиёсӣ “Парчамат поянда бод”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумиҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атаева Х.Н. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид.

Пас аз суханони ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Ҷамъбасти озмуни «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма.

Санаи 13 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятии «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон»  байни кормандони воситаҳои ахбори омма бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ эълон гардида буд. Дар  даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи  номинатсияи «Бахши радио» корманди радиои “Тироз” И.Бобоев, дар номинатсияи «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Ҷаҳоннамо» Равшан Мирзоёров ва СМ-1 Мафтуна Шукурова сазовори мукофот ва ифтихорномаҳо  Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон  гардиданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.