Корҳои руйпӯшкунӣ дар партовгоҳи «Деҳмой» идома дорад

Дар соли сипаригаштаи 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров корҳои рӯйпӯшкунии партовҳои радиофаъоли партовгоҳи “Деҳмой”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба масоҳати умумии наздик 11 га ба анҷом расонида шуд, ки арзиши умумиашон 545,63 ҳазор сомониро ташкил дод. Рӯйпӯшкунӣ бо истифодаи хок ва шағали табиӣ бо ғафсии 0,5-1,0 метр ба анҷом расонида шудааст. Ченкуниҳои афканишоти радиатсия дар мавзеи рӯйпӯшкардашудаи партовгоҳ, ки аз тарафи шӯъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Филиали Суғдии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, нишон дод, ки агар фони радиатсионӣ то рӯйпушкунӣ ба 160-380 мкР/соат баробар бошад, баъди рӯйпӯшкунӣ ҳамагӣ 35-40 мкР/соатро ташкил медиҳад, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои санитарӣ-экологӣ мебошад.

Оид ба баргузории амалиёти «Кӯкнор - 2017» дар вилояти Суғд

Оиди иҷроиши нақшаи кории ситоди идоравии амалиёти «Кукнор-2017» якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расид.

Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Раиси вилояти Суғд аз 16.05.2017., №244 «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2017» бо фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят №51 аз 07.06.2017 сол ситоди идоравӣ ташкил карда шуда, нақшаи кори ситоди идоравӣ тасдиқ карда шудааст.

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят  оиди гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2017» бо мақомотҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар ин самт  корҳои тарғиботиву  ташвиқотиро пурзӯр науда истодааст.

Баргузории нишасти матбуотӣ

Санаи 10 июли соли равон соати 9.00 дар бинои  Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

Дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма, хабарнигорони телевизионҳои «Тоҷикистон», ШТР СМ-1, ШТР «Азия», ТВ «Диёр», ТВ «Танин», ТВ «7 ситора», рӯзномаҳои «Хақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Тирози ҷаҳон», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», «Тоҷикистон» , оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» ва «Азия-плюс»,  радиои «Озодӣ», радиои «Садои Хуҷанд» радиои «Тоҷикистон»  иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон  варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи  якуми  соли  2017  дастрас  гардид.

 Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба тақсимоти заминҳои ҷазираҳои Сирдарё бо мақсади истифодаи кишоварзӣ ва расонидани зарар ба олами наботот ва ҳайвоноти минтақаи мазкур, ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва андешидани чораҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳолати партовгоҳи деҳаи Канапаи н.Айнӣ саволҳо дода, посухҳои муфассал гирифтанд.

Семинари бозомӯзӣ

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои нимсолаи дуюми соли равон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи  14 июли соли равон семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳим - асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниьоди маводҳо ба Раёсат бобати тариқи судӣ руёнидани маблағи пардохт ва ҷуброни зарар, намуди санҷишҳо мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дастури методӣ оиди санҷиши объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.