Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.
Санаи 9 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Деваштич, Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 20573 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо, мактаббачагон аксияи мазкур доир гардид.