Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, санаи 28.03.2016 дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ғайр аз пешниҳоди маҳсулотҳои худсохт, ҳамчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъзе аз мактабҳо оиди муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.
Аксия дар боғи «Дӯстии халқҳо»
Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Раёсат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд санаи 19 марти соли равон дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр байни маҳаллаҳои 32 ва 33 аксияи «Ободонии маҳалли зист» бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, хонандагони муассисаҳои таълимии № 8 ва 10, литсеи касбӣ-ҳунарии шаҳр ва кормандони корхонаи ободонӣ гузаронида шуд. Дар рафти аксия қисми поёни боғ аз партовҳо ва санг тоза карда шуда, ҷуйборҳо барқарор карда шуданд. Ба ғайр аз ин қариб 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва тут шинонида шуд. Аз тарафи роҳбарияти Раёсат якҷоя бо КВДК “Хуҷандобуканал” масъалаи обёрии дарахтони боғ ҳалли худро ёфт.
Конфоронси илмӣ-амалии вилоятии “Об сарвати бебаҳои табиат” бахшида ба 22 март- Рӯзи умумиҷаҳонии об
Санаи 10 марти соли равон ба ифтихори 22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии Об дар КВДК «Кохи матбуот» конфронси илмӣ - амалии вилоятии «Об сарвати бебаҳои табиат» баргузор гардид.
Дар конфронс дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси ДДҲБСТ, сармуҳандиси КВДК ХМК дар вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, муовини сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии вилоят, муовини директори КВДК «Хуҷандобуканал»-и ш.Хуҷанд, устодони кафедраи географияи иқтисодии факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони дафтари САҲА дар ш.Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», донишҷӯён, намояндагони васоити ахбори умум ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, дар маҷмӯъ 68 нафар иштирок доштанд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён
Санаи 4 март дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрии мутахассисони ҷавон, таҷрибаомӯзони факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят таҷриба меомӯзанд, бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Ӯрунбоева М. ва ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмондадиҳии аҳамияту арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу суббот, тарғибу ташвиқи дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, шинонидани гулу буттаҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо оиди сазовор истиқбол гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.