Дар давоми ду рўз дар ноҳияи Ҷ.Расулов корҳои рў ба беҳдошти муҳити зист нигаронида амалӣ гардид. Ободии кўчаи протоколии марказ – ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист буда, бо мақсади обод намудани қадди роҳи нақлиётгард аз ҳисоби бахши ноҳия 60 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар харидорӣ карда, якҷоя бо 35 нафар сокинони маҳалла шинонида шудааст. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 600 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо ва аҳолии маҳаллаҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар натиҷа 2,2 километр ҷўйбор тоза гардида, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудааст. Баробари ин дар соҳили Исфана – сойи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ду нуқтаи партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаи махсус бартараф гардид.Ҳаҷми партовҳои бесоҳиби бартарафгардида, дар маҷмўъ 6 метри мукаабро ташкил дод.
Санаи экологӣ, 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳсор
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад ва қариб 15 фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати куҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 километр зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои чадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Мастчоҳ
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани ҷўйбору майдонҳои марказ аз хазону баргҳои хушк дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудааст. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои шаҳрак, аз ҷумла омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, як ќатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ, ба масоҳати 47 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд ва ба масофаи 6,6 километр ҷӯйборҳо тоза гардида, ба партовгоҳ 51,4 тонна партовҳо бароварда шудааст. Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳраки Бўстони ноҳияи Масчоҳ тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва марказӣ намоиш дода шуд.
Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ
Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти фаврӣ дар минтақаҳои соҳили Сирдарёи ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз он ҷумла минтақаи Туқай гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт бо зиёда аз 20 нафар моҳидорони ҳаваскор, ки сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулхона, Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия мебошанд, корҳои фаҳмондидаҳӣ ва ташвиқотӣ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид. Ҳангоми амалиёти фаврии мазкур як қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Ҳурсанбоев Алиҷон протокол бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин амалиётҳои фаврии назоратӣ гузаронида мешаванд.