Амалиётҳои назоратӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот

  Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот, тибқи нақшаи корӣ ва фармоиши сардори сарраёсат таҳти № 17 аз 11.03.2022 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои  шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам - 0» соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаҳои хушхони саъба бо истифодаи қафас сокини ш.Конибодом - Олимов Б. боздошт гардид. Нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд. Паррандаҳои саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуданд.

Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии моҳӣ , иҷрои талаботи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» ва фармоиши сардори сарраёсат аз 1 апрели соли 2022, № 22 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022», нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузарониданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва беҳсозии ҳолати экологӣ дар шаҳри Истиқлол бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 1, 4, ва 5 дар кӯчаи марказии шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ аксияи «Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Рафти аксия гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, тани дарахтон сафед карда шуда 4,3 тн партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин аз тарафи хонандагон бо мақсади баланд бардоштани завқи эстетикиву экологӣ дар тубакчаҳо гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Зафаробод низ мунтазам  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида  шуда истодааст.  Дар ин раванд бо мақсади пешгирӣ намудани манбаҳои обӣ аз партов ва ифлосиҳо   дар пойгоҳҳои обкашии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки кормандони корхонаву муассиса ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки 80 нафар аксия доир гардид.  Рафти аксия зиёда аз 2 км каналҳо ва назди қубурҳои обгузар тоза карда шуда, ба миқдори 18,3 тн партовҳои гуногуни ҳудуди пойгоҳҳои обкашӣ  бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.