Санаи 23 ноябри соли 2021 мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 деҳаи Куҳандиж дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Кормандони бахш ба толибилмон мӯҳтавои ин санаи таърихиро фаҳмонида дода, гиромӣ доштани ин муқаддасоти миллиро қайд намуданд. Хонандагон бахшида ба ин санаи муқаддас дар васфи Парчами давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ватандӯстиву ҳувияти миллӣ баромадҳо намуданд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон чорабинӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таърихи Парчам ва тавсифи он, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд, баромад намуд. Дар қисмати адабии чорабинӣ хонандагон оиди муқаддасоти ватан ва гиромидошти он, дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол шеъру сурудҳо қироат намуданд.
Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор
Дар толори меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» ва дастгирии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (Jica), семинари машваратӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ ғайр аз намояндагони Кумита, Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати Озони Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндаи «Jica», кормандони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳо, роҳбарони Маркази обуҳавосанҷии вилоят ва Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи «Jica» Узоқов Б. ва муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. шунида шуд.
Таҷлили Рӯзи Парчам шаҳри Исфара
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд. Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён ва корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара оид ба таърихи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда шудани ин санаи таърихӣ баромадҳо карда шуд. Донишҷуён низ доир ба пос доштани ин муқаддасоти миллӣфикру акидахои худро баён намуданд.
Еще статьи...
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус
- Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров