Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Исфара

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар шоҳроҳи Хуҷанд – Исфара дидбонгоҳи “Нурафшон” амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол карда шуд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист дар асоси нақшаи кории Раёсат  кормандони  шуъбаи  назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва назорати таҳлил бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд  дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд.  Рафти амалиёт зиёда аз 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  Нисбати ронандагони 4  адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд. Амалиёти мазкур тариқи телевизионҳои шабакаи якум ва “Синамо” наворбардорӣ карда шуд.

Семинар доир ба «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025»

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи  Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳ, воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Рафти семинар сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г.,  намояндаи САҲА М.Камарова, коршиносон С.Содиқова ва О. Шарипова,  роҳбари  Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳити атроф» – Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И., намояндагони  раёсати маориф, донишгоҳ ва донишкада, раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вобаста ба  татбиқ ва паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баромадҳо намуданд.

Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид

  Санаи 12 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ , сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд. Муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ва сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2021 қайд карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.