Ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов комиссияи навбатӣ "Оид ба тартиби ошкор кардани партовҳои бесохиб ва кам кардани хаҷми ҳосилшавии партовҳо" бо иштироки аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳо доир гардид. Дар рафти комиссия таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷ.Расулов № 523 аз 23 октябри  соли 2013 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳиб» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Котиби комиссия, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов Каримзода Ф. зимни баромади худ кайд намуд, ки бо мақсади ошкор кардани партовҳои бесоҳиб дар қаламрави ноҳия, баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо дар 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 11 адад партови бесоҳиб ошкор карда шуда, барои пурра бартараф намудани онҳо то 10 феврал муҳлат дода шуд.

Вохӯрии судманд баҳри таъмини иҷрои қонунҳо

Дар асоси протоколи ҳафтаинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи  давлатии корҳои соҳил мустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2018-2022, таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»  бо ронандагони нақлиётҳои калонҳаҷми вохӯрӣ гузаронида шуд. Мудири  бахш Ғафуров А. ба ҷамъомадагон мӯҳтавои конунҳои болозикрро фаҳмонида, қайд намуд, ки истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмули умум бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Барои худсарона истихроҷи канданиҳои фоиданок дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Айнӣ

    Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида санаи 24.01.2020 сол дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ амалиёт гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳолати истихроҷи ғайриқонунии қуми табиӣ аз соҳили Фондарё, наздикии пули Зарафшон-2 аз тарафи ронанда Соатов Ҳоҷимурод, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зоосун ошкор карда шуда,  барои риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ нисбати Соатов Ҳ. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Зарари ба табиат расонидашуда ба маблағи 1525,91 сомонӣ ҳисоб ва пешниҳодкарда шуд.

Сохтмони партовгоҳ дар деҳоти Воруи ш.Панҷакент

    Бо дастгирии ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди CESVI «Ҳамкорӣ  ва Рушд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ дар ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент амалӣ гардида истодааст. Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ва фахмонида додани  моҳияти талаботҳои экологӣ дар сохтмони партовгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Партовгоҳи сохташаванда дар ҷамоати деҳоти Воруии шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, масоҳати он 12000,0 м2 буда  он дорои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ  №635 аз 08.01.2019 сол аст. Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ба роҳ мондани ҷамъоварӣ, кашонидан ва ҷойгиркунии партовҳои сахти маишии ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Вору буда аз нигоҳи экологӣ муфид арзёбӣ мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.