Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм

    Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди мамнуъгохи таърихии Саразм 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва  гулбуттахо ва дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ниҳолҳои сӯзанбарг ба миқдори  2200 бех шинонида шуд.

Шанбегӣ дар ш.Хуҷанд

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 апрели соли равон   бо иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партовҳои  истеъмолӣ тоза намуда, аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуд.

Корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад.  Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бустон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати  зебову хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Бӯстон – хиёбони Сомониён, К.Хуҷандӣ ва Б.Ғафуров корҳои гулзоркуниву ободонӣ гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо 2 ҳазор дарахтони ороишӣ, 10 ҳазор гули лола, 15 ҳазор гули садбаргва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуд.

Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров

    Ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, назорати доимии манбаъҳои обӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи нозирони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои обӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои нозирони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби Раёсат хангоми дида баромадани аризаи шикоятии роҳбарияти бозори чорво воқеъ дар н.Б.Ғафуров нисбати директори ҶДММ «Беҳбудхӯҷа» Атаев Асадулло барои ифлос намудани манбаи обӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаҳои 44,53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тартиб дода шуда буд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.