Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда истодаанд. Бино ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар кӯчаҳои протоколии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони сояафкануҳамешасабз шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.
Партовгоҳи ноҳияи Зафаробод хокпӯш карда шуд.
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Зафаробод партовгоҳи марказӣ хокпӯш карда шуд. Масоҳатиумумии партовгоҳ 2,30 гектарро ташкилдода, барои чорабинии мазкур аз тарафи корхонаи мазкур 11,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Иҷрои фармоиш таҳти назорат
Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдориизахираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва шароити мусоид фароҳамовардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18аз 31.03. соли 2020, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят сайди моҳӣ манъ гардидааст. Вобаста ба иҷрои фармони мазкур ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияхо корҳои муайян амалӣ гардида истодааст.
Дирӯз аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан дар бозори марказии шаҳр варақаҳои иттилоотӣ насб карда шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва ба масъулоне, ки бо хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ машғуланд, амрномаҳо дода шуд.
Баррасии муроҷиати шаҳрванд дар заминҳои ҳамсарҳади ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Дар асоси муроҷиати телефонии сокинони маҳаллаи «Ҷомӣ», шаҳри Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ва дар асоси фармоиши сардори аз 1 апрели соли равон аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар ҷояш баррасӣ гардид. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз тарафи сокинони ноҳияи Спитамен дар асоси қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, 3 бех дарахтони чинор ва акация беиҷозат бурида шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санад барои андешидани чораҳои конуни тарт иб дода шуда, аз раиси маҳаллаи «Ҷоми» маълумотнома ва ибрози муроҷиаткунандагон гирифта шуда, маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ пешниҳод карда мешавад. Баррасии ҳолати мазкур ба воситаи телефонии мобилӣ сабт карда шудааст. Раёсат