Семинар бахшида ба Рўзи байналмилалии замин

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, барои беҳтар намудани ҷузъҳои муҳити табиӣ вазифадор аст ва тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилоотӣ экологӣ» дар соли равон маҷмўъи конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо, вохўриҳо, сўҳбатҳо ва дигар чорабиниҳоро доир намояд. Мувофиқи нақшаи корӣ санаи 19.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон семинар бахшида ба 22 апрел - Рўзи байналмилалии Замин доир карда шуд. Дар семинар олимону устодон аз кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»,кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори умум ва мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳузур доштанд.

Семинари минтақавӣ дар вилояти Суғд

    Санаҳои 10 - 12 апрели соли равон дар осоишгоҳи Баҳористони шаҳри Гулистон семинари минтақавӣ дар мавзўи "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии гуногунии биологӣ  ташкил гардид, ба ғайр аз Тоҷикистон намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Федератсияи Россия, ҳамчунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Дар кушодашавии семинар бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С. ва муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Р. баромад намуданд. Дар давоми ду рўз намояндагон мувофиқи барнома презентатсияҳо ва баромадҳои худро пешкаши иштирокдорон намуда, дар охири рўзи дуюм, санаи 11 апрел резолютсияи семинари минтақавии "Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ" дар вилояти Суғд қабул гардид.

Вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳияи Ҷ.Расулов

    Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, санаи 16.04.2019 дар толори муассисаи таълимии №6 ноҳия баҳри татбиқи "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" вохўрӣ бо маорифчиёни ноҳия, аз он ҷумла директорони мактаб ва омўзгорони фанни табиатшиносӣ, дар маҷмуъ 150 нафар доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии гайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.

Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Санаи 9.04.2019 дар маркази бозомўзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мувофиқи даъват дар ҷаласа сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок дошта, баъд аз маърўзаи сардори раёсат аз ҳар яки онҳо аз ҷониби муовини раиси кумита пурсиш ба амал омад. Ҳангоми музокира камбудиҳои зерсохторҳои раёсат мавриди таҳлил карор гирифта, аз тарафи муовини раиси кумита як қатор дастуру супориш барои ислоҳи камбудиҳо то ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.