Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич маълумот дод, ки дар хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия дар якҷоягӣ бо мутахассисони бахш бинобар сард ва сербориш омадани обу ҳаво дар доираи чорабиниҳои биотехникӣ барои ҳайвонот ва паррандаҳои ёбоӣ ему хошок ва резадонаи ғалладонагиҳо ба доманакӯҳҳои сербарф гузошта шуд.
Тибқи баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангал-парварӣ дар хоҷагии мазкур тақрибан 500 кабутар, 30 сар хуки ёбоӣ, 15 гург, 130 сар харгуш, 93 сар рубоҳ , 3 сар хирс, 20 сар бузи куҳӣ, 200 кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.



Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми
Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд корҳои биотехникӣ идома дорад. Барои пешгирӣ намудани фавти ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ
Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ