Қадршиносии фаъолони аксияҳо дар соли 2018

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 декабри соли равон якҷоя бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар толори коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров вохўрӣ бо омўзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 

Маъракаи ниҳолшинонии зимистона

Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо истифода аз боду ҳавои муносиб санаи 8 декабри соли равон  шанбегӣ баргузор гардид.

Ҳамагӣ дар ҳашар беш аз 7,4 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Конибодом, Ашт, Ҷ.Расулов, Спитамен, Деваштич ва Б.Ғафуров иштирок намуда, асосан ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, ҳамзамон минтақаҳо аз партовҳо тоза гардид.

Дар натиҷа 40,6 тн партовҳо ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои коммуналии маҳаллӣ бароварда, дар маҷмуъ 1,6 хазор бех ниҳоли дарахтони санавбар, ардач, сафедор ва 0,8 ҳазор бех мевадиҳанда, 159,4 ҳазор бех гули садбарг, лола ва карамгул шинонида шуд.

      Минбаъд чунин корҳои ободонӣ дар доираи 1300 рўзи меҳнати меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.

Баланд бардоштани дониши касбӣ

  Санаи 5 декабри соли 2018 мувофиқи дархости сардорони шуъбаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар он тибқи барнома мавзуҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва тартиби баррасии парвандаҳои маъмурӣ, пешниҳоди дурусти ҷадвали санҷиши нақшавӣ, ситонидани пардохт мувофиқи  шакли 11 «а», пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ва «Барномаи рушдииқтисод барои солҳои 2016-2020», фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2018, №16, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсир ба муҳити зист», ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, «Феҳристи парвандаҳои коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид. Дар рафти семинар иштирокчиён ба саволҳои худ доир ба мавзуъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Соати сиёсӣ “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”доир гардид.

Аз тарафи  сармутахассиси Раёсат қайд  карда шуд, ки  дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.