Ҳамасола на танҳо дӯстдорони табиат, балки нафароне ки дар бораи фардои хеш фикр мекунанд, санаи 15 майро ҳамчун рӯзи байналмилалии иқлим таҷлил менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбир ҳифзи иқлим ҳамчун захираи муҳими таъсирбахшанда ба некӯаҳволии насли имрузу фардо ба ҳисоб меравад.
«Иқлим» гуфташароити миёнаи обу ҳаворо гўянд, ки муддати тўлонӣ (одатан 30 сол) мушоҳида мешавад. Ба чунин шароити обу ҳаво ҳарорат, қувва ва самти шамол, инчунин намуд ва ҳаҷми боришот, миқдори рўзҳои офтобӣ ва дигар мушаххасоте, ки дар ягон ҷои муайян онҳоро чен кардан мумкин аст, дохил мешаванд. Иқлими сайёраи мо–Замин доимӣ набуд; вай якчанд маротиба зери таъсири як қатор омилҳои табиӣ тағйир ёфтааст.
Истилоҳи «тағйирёбии иқлим», одатан, тағйирёбиҳоеро ифода мекунад, ки аз аввали солҳои 1900 мушоҳида мешуданд. Чунин тағйирёбиҳои иқлими глобалӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сабабҳои ҳам табиӣ ва ҳам антропогенӣ ба вуҷуд омадаанд:



Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳ
Ҳамасола санаи 15–уми апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад.