Бахшида баРӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — солҳои 2018-2028 бо иқдоми рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт», дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи таълимии гим-назияи № 13-уми шаҳри Хуҷанд Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо, гузоштани саҳми арзанда дар тозагиву ободии кишварамон, поку беолоиш нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ буд. Кори Фестивалро - сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт» Зокиров И. ифтитоҳ намуд. Дар оғози фестивал оид ба об ва хусусиятҳои он, сарфакорона истифода намудани он байни иштирокчиён-хонандагони синфи 7-уми гимназияи рақами 13 бозии викторина гузаронида шуд.