Ҷамъбастии 9 моҳа

Санаи 5 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нух мохи соли 2017  ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят  Ориф Хочазода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бахри ичроиши дастуру супоришхои макомотхои болои, чихати пешбурди соха, вусъат бахшидан ба корхои ободони, кабудизоркуни, халли муаммохои экологи натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд. Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру ноҳияҳои нохияхои Панчакент (Гафуров А.), Деваштич (Шукуров О.) ва Ч.Расулов (Каримзода Ф.) кайд карда шуда, ба дигар бахшьо барои бартараф намудани камбудиихои чойдошта дастуру супоришхо дода шуд.

Озмун байни мактаббачагон ҷамъбаст гардид.

Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.

Семинари сайёри вилоятӣ

Санаи 18 августи соли равон бахшида ба  тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» дар н.Шаҳристон семинари сайёри вилоятӣ бо иштироки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид.

Дар рафти кори семинар оиди сарватҳои обии вилоят ва проблемаҳои экологии он, беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар вилоят, обҳои дохилаи Тоҷикистон ва оқилона истифодабарии захираҳои об, манбаъҳои асосии обёрии вилоят ва таъминоти оби полезӣ, сифати оби нӯшокӣ, иштироки ҷавонон дар ҳифз ва  нигаҳдории захираҳои об, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо, намуди санжишҳо мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, тарзи тартиб додани санҷиши объектҳо дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера баромадҳо шунида  шуд. Пас аз музокира як қатор кормандони ҷавони мақомоти ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли ҷавонон барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 988 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Шуъбаи экспертизаи экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, маоши мансаби 988 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, маоши мансаби 941,20 сомонӣ; (категорияи панҷум)

- Сармутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, маоши мансаби 953,20 сомонӣ; (категорияи панҷум)

Скачано с веб-сайта JooMix.org.