
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 14.07.2018 дар минтақаи пойгоҳи обкашии Сомғор – 1 таълуқ ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия 14 нафар кормандони идораи мазкур ва 7 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, мавзеҳои аз партовҳо ифлосгашта ва алафҳои худрўй тоза намуданд. Зиёда аз 4,5 м3 партовҳо бо воситаи нақлиёти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Гулистон ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Ҷараёни аксия аз ҷониби кормандони телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.



Тиб
Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.