Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шӯъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияиРаёсат маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- Мутахассиси пешбари Шӯъбаи ҳифзимуҳитизистишаҳриХуҷанд;

маоши мансаби 696,80 сомонӣ; (категорияи шашум)Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорїӣ ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нимсола

Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нимсолаи аввал ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва муовини Раиси вилоят Хоҷазода О.А. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис, ки аз ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд.

Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Дар Раёсати ҳифзи  муҳити зисти  вилояти Суғд бо иштироки кормандон соати сиёсӣ доир гардид. Он ба мавзӯи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бахшида шуд. Муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. изҳор намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанги тоҷик  аст. Китоби мазкур  паҳлӯҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ва давлатдории тоҷикон  фаро гирифтааст. 

Кормандони Раёсат ба мутолиаи ин китоби арзишнок даъват карда шуданд, ки он аз аҳамият холӣ нест ва  омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

Чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2016

Дар асоси моддаҳои 6, 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8, 32 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4, 17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, фармоиши сардори Раёсат аз 01.04.2016, №32 «Оид ба гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2016» ба тавсиб расида буд. Дар асоси фармоиши мазкур бо назардошти обу ҳавои сол аз 5 апрел то 20 июни соли ҷорӣ дар обанборҳои вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.