
Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сущд таҳти №21 аз 20.03.2019 сол, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзизахираҳоимоҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, шароити фароҳам овардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июн соли 2019 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.
Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят



Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврўз, ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.02.2019, № 10 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2019» ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарё, каналу ҷўйбор ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Санаи 15.03.2019 дар толори маҷлисгоҳи хурди раёсати МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» конференсияи илмӣ–назариявии «Об – маъною маъвои зиндагист» бахшида ба санаи муҳими экологӣ, 22 март - Рўзи байналхалқии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ташкил карда шуд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахшида ба пешвози сазовори идҳои давлатии миллӣ, аз ҷумла Иди Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ, 28-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2019, №07 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» як қатор корҳоро ба анҷом расонид.