Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017

 Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифахои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИХД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин,муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ  соли сипарӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд.

Конфронси илмӣ-адабии «Об манбаи ҳаёт»

Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, баҳри татбиқи талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таълимии щайридавлатии гимназияи «Нур» конфронси илмӣ адабӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Дар он  намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, хонандагон ва устодони гимназия иштирок доштанд. Дар рафти конфронс хонандагон оиди ҳифз, тоза нигоҳ доштан ва самаранок истифодабарии об, масъалаҳои партов ва коркарди онҳо, сабаб ва оқибатҳои тащйирёбии иқлим ва дигар муаммоҳои экологӣ баромадҳо намуданд. Ҳамзамон намояндагони Раёсат ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 сухан намуданд.

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма озмун таҳти унвони «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд.

Мизи мудаввар дар Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови ш.Конибодом

Дар коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва «Соли  ҷавонон» мизи мудаввар  баргузор гардид. Дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, идораи хоҷагии об, корхонаи фаръии обу канализатсия, идораи барқ, идораи кишоварзӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулодда, идораи марказии стандартикунонӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии шаҳр иштирок доштанд.

Дар кори мизи мудаввар номзади илми иқтисод, сарвари коллеҷ  М.Ҳомидов дар мавзӯи  «Об  - муҳимтарин ва беҳамтотарин мӯъҷиза», мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ф.Ёдгоров «Об – манбаи ҳаёт», декани факултаи менеҷмент, муҳосибот ва иттилооти кории коллеҷ Х.Ядгарова «Об ганҷинаи табиат», омӯзгор М.Илёсова ва донишҷӯ У.Насриддинов дар мавзӯи «Энергияи сабз – нерӯи аз рӯи экологӣ тоза» ва «Барқи обӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ»  баромадҳо  намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.