Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соати сиёсии кормандони мақомот бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тюраев Ҷамшед Аскарович бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати оғози ташаббуси нави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд карда шуд.



Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита,
Бо мақсади ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии ҳавзаи Сирдарё ва обанбори «Баҳри Тоҷик», тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.10.2017, № 96 ва мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи
Санаи 29 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ду масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст ва вазифагузорихо барои фаъолияти мибаъдаи комиссия баррасӣ карда шуд.