Вохӯрӣ бо донишҷӯён

Бахшида ба 15 апрел – Рӯзи донишҳои экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар вохӯрӣ бобати тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо баромадҳо шунида шуданд.

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 9 апрел  дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Деваштич, Бӯстон, Зафаробод, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 20573  нафар кормандони  ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо, мактаббачагон аксияи мазкур доир гардид.

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд.

Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.">ecolog.sogd@mail.ru  ирсол карда мешавад.

Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2016

Санаи 5 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят Абдуллоев Ф. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо  рӯзномаи маҷлис, ки ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро  муваффақ гардиданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.