Бо мақсади татбиқи «Бар
номаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и н.Ҷ.Расулов даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» доир гардид. Дар он маҳфилҳо, табиатдӯстони ҷавон ва хонандагоне, ки дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сабақ омӯхта, ғолиби даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни «Тирамоҳи зарин» дониста шуданд, иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун дар 3 шарти озмун, ки аз ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои экология, биология ва ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист иштирок намуданд.




Санаи 15 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ҷамъбаст ва маросими мукофотонидани ғолибони озмуни ҷумҳуриявию вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони мактабҳо доир ба ҳифзи муҳити зист, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва бахшида ба ҷашнҳои давлатии миллӣ гузаронида шуд.
Санаи 18 августи соли равон бахшида ба