Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи меҳнати зарбдор», бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ҷалби оммаи васеъ санаи 8 апрели соли равон аксияи «Тозагии соҳил»-ро доир намуд.
Дар аксия донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат, литсейи касби-техникии № 44 ва № 56, коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, кормандони Маркази дилшиносӣ ва ҷарроҳии дил ва беморхонаи физиотерапев-тии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои 1-Май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон ҳамагӣ 2578 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарёи Сир, аз кӯпруки ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқ аз партовҳо, алафҳои худрӯйи хушкшуда, тоза карда шуда ба ҳаҷми 38 м3 партовҳо аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.





Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма озмун таҳти унвони «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод бояд намояд.