Бахшида ба «Моҳи амал барои иқлими сабз», ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар ноҳияи Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксия кормандони ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва сокинони ноҳия ширкат варзида, назди биноҳои идораву ташкилотҳо аз партовҳои мухталиф тоза карда шуданд. Аз ҷониби Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ба ишти-рокчиёни аксия халта барои партов - 200 адад, дастпӯшак ба миқдори 300 адад харидорӣ ва тақсим карда шуд. Аксия дар ҳамҷоягии бахши ҳифзи мухити зист дар н.Айнӣ ва Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон «Идораи ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда аз тарафи Консорциуми шарикон AKAH, AKHS, MSDSP ва Сароб иҷро шуда истодааст, роҳандозӣ гардид.
Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Бӯстон
Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуда, кӯли шаҳрӣ аз партовҳои истеъмолию пластикӣ ва алафҳои хушк тоза карда шуд. Чунин шанбегиву аксияҳо то ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХУ1- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳр идома меёбад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони идораву ташкилот, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 2530 метр ҷуйбору каналҳо тоза ва 240 адад дарахтон сафед карда шуданд. Дар аксия зиёда аз 8,3 м3 партовҳои гуногун бароварда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар ҷамоату шаҳракҳо пешбинӣ гардидааст.
16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон
16 сентябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихори ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон эълон гашт. Ин санаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 инҷониб таҷлил мекунанд. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин дар натиҷаи афканишоти нурҳои ултрабунафш таъсири манфӣ ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ мерасад, бахусус онҳо боиси тағйиротҳои ҷиддии таркиби химиявии растаниҳо мегарданд. Баландшавии радиатсия ба сифати маҳсулотҳо ба монанди помидор, картошка, лаблабуи қанд, карам, лӯбиё таъсир расонида, сифати онҳоро паст менамояд. Ба олами набототу ҳайвонот, аз қабили обсабзҳои гуногун, моҳичаҳои навзод, харчангҳои хурд, ки ғизои ҷонварони калони баҳрию дарё ба шумор мераванд, таъсири манфӣ мерасонад.
More Articles...
- Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон
- Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ
- Рўзи Дониш дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”