Кормандони бахши ҳифзи муҳитизистдарноҳияи Ашт тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани вохўриҳо ҷиҳати шарҳ додани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф корбариро роҳандозӣ намуданд. Дар маҷмўъ, дар чор муассисаи таълимӣ - муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 2, № 17, № 36 ва № 65-и ноҳияи Ашт бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Дар рафти вохўриҳои мазкур оид ба ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рўзи чаҳонии пиряхҳо» ба иштирокдорон маълумот пешниҳод гардид.
Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа
Гузаронидани амалиёти фаврӣ доир ба назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъбаҳои сарраёсат якҷоя бо нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо чунин амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ду нафар шаҳрвандон, Турдимуротов А., сокини маҳаллаи 34 ва Раҳматов И., сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд. Боз як нафар сокини маҳаллаи 18-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷиев Ф. ҳангоми сўзонидани хазону партовҳо боздош гардид, ки нисбати ў низ бо моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудаст.Бо ҳамин намуд қонунвайронкунӣ – сўзонидани партовҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов, аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой Зуҳуров И. ошкор гардид ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар муассисаҳои таълимӣ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», дар Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят бо иштироки хонандагон ва омўзгорони роҳбарони маҳфилҳои гулпарварию экология мизи мудаввари иттилоотӣ таҳти унвони «Пиряхҳо - манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташкил ва баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ баъд аз сухани ифтитоҳии директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят сармутахассиси сарраёсат, докторанти ихтисоси географияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва мудири шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба иштирокдорон баромаду презентатсияҳо доир ба «Аҳамияти пиряхҳо барои табиат ва ҳаёту фаъолияти инсон», «Пиряхҳо ва мавқеи онҳо дар табиат», «Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат» ва «Ҷабҳаҳои геоэкологии ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» бо намоиши ролики иттилоотӣ пешниҳод карда, ҳамзамон бо мақсади мустаҳкам гардидани дониши экологии хонандагон дар мавзўи вобаста ба пиряхҳо ва захираҳои об саволу ҷавоб ба амал омад.
Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Истаравшан
Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ва таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, баҳри иҷрои фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд «Дар бораи баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Дар он кормандони масъули идораи кишоварзӣ, маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии шаҳр, волонтерони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва аҳолӣ ҳамагӣ 300 нафар иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ партовҳои бесоҳиб дар ҳаҷми 7 метри мукааб ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуда, тариқи телевизиони маҳалии шаҳри Истаравшан ва ТВ Ҷаҳоннамо ба навор гирифта шуд. Тибқи нақшаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан баргузории аксияҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар назар аст.