Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Гулистон

  Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода,  бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги  экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

   Санаи 9 августи  соли 2022 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, Раиси Суди  Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А.А ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар  бинои нави маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 412 метри мураббаъ, майдони зери бино 256 метри мураббаъ ва худи бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқњои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ  25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқњои корӣ  барои кормандон ҷойгир  буда, њамаи  онњо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер (3 дар 1) таҷҳизонида шудааст.

Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин»,  «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар  нимсолаи аввали соли 2022 дастрас гардид.

Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир

   Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус соҳили манбаҳои обӣ яке масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир амалиётҳои назоратӣ доир гардидаст. Дар натиҷа, ҳамагӣ ба 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз он ҷумла, шаҳрвандон Тоиров О., Бердиев Ф. ва Исомиддинов А. бо дасрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр ва Абдуллоев А. бо моддаи 232 Кодекси мазкур барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили обанбор.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.