Дар асоси нақшаи чорабинии тасдиқгардида, бо ибтикори шӯъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм барномаи идона бахшида ба 50 солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист гузаронида шуд. Дар чорабинии идона кормандони шӯъба, намояндагони шӯъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 3,30 ва намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ширкат варзиданд. Рафти чорабинӣ хонандагон дар мавзӯҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ, обшавии пиряхҳо, самаранок истифоба бурдани об, ҳифзи замин ва партов баромадҳо намуданд. Интиҳои чорабинӣ аз ҷониби кормандони шуъба ба омӯзгорон ва хонандагон барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд
Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 50-ум солгарди Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар аксия намояндагони ташкилоту идораҳо, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи умумӣ, шаҳрвандон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ беш аз 10,5 ҳазор нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур 41,6 километр соҳили манбаҳои обӣ аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, ба партовгоҳои шаҳру ноҳияҳо 64,3 метри мукааб партовҳо интиқол дода шудааст.
Амалиёти назоратӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера
Дар асоси нақшаи пешбинигардида, дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур 30 адад нақлиёти тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати 4 адад ронандагон барои аз меъёр зиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт ва вайрон кардани стандартҳои амалкунанда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, намояндагони хоҷагии манзиливу коммуналӣ, раисони ҷамоатҳо ва бахши маориф иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом табрикоти раиси ноҳияро ба ҳозирин расонида, ба кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳое, ки дар беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаву туҳфаҳо тақдим намуд.