Бахшида ба иди аҷдодии миллии дар пешистода, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузории аксияҳои экологӣ ва шанбегиҳои оммавӣ идома доранд. Тибқи нақшаи пешбинигардида дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо иштироки беш аз 210 нафар сокинони ҷамоат аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шудааст. Дар рафти аксия корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани 2,1 км ҷўйбор, сафед кардани 2840 бех пояи дарахтон, шинонидани 180 бех ниҳоли дарахти санавбар ва 420 бех ноҳолҳои дарахтони сояафкан амалӣ гардидааст. Ҳамчунин, қадди роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза гардида, ба партовгоҳи ноҳия 1,2 тн партов интиқол дода шудааст.
Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 400 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 12 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шудааст. Аксарият ҷамоати шаҳраку деҳот амалӣ гардидани чунин чорабиниро дастгирӣ намуда, мавзеъҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ низ аз партовҳо ва алафи бегонаи хушк ва 5 км Катасой аз партовҳои ҳархелаи истеъмолӣ тоза гардид. Ҳамзамон, корҳои сафед намудани зиёда аз 200 пояҳои дарахтон ва шинонидани 250 бех ниҳоли дарахти санавбар ба иҷро расидааст. Дар доираи аксияи мазкур 18 тн партов ба партовгоҳи КДФ «Ҳоҷагии манзилӣ коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан бароварда шудааст.
Аксияи экологӣ дар ноҳияи Ашт
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ид ва ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони дигар муассисаю ташкилот ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксияи мазкур 6,4 ҳазор нафар иштирок дошта, 29,2 км роҳи асосии протоколии ноҳия аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, зиёда аз 650 без пояҳои дарахтон сафед гардида, дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 725 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз ҷумла ҳамешасабз шинонида шудааст.
Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рўзи Модар
Санаи 4 марти соли 2022 дар толори сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 8 март – Рўзи Модар баргузор гардида, аз ҷониби роҳбарият бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист табрик карда шудаанд. Дар рафти маҷлис ва табрикот аз ҷониби сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. махсусан қайд гардид, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон иртибот дорад, ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ҳамчунин, дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ дар навбати худ садорони шуъба ва сармутахассиси сарраёсат ҳамкасбони бонувонро бо ин яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ табрик намуданд.