Баҳри амалӣ гардидани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Исфара маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шудааст. Барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, ниҳолҳои дарахтони њамешасабз шинониданд. Боиси қайд аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара 250 бех ниҳоли дарахтони санавбар харидорӣ гардида, дар майдони Ғалабаи шаҳр шинонида шудааст.
Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ аз сардиҳои зимистон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳою доманакӯҳҳо аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо намояндагони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеи парваришгоҳи Дараи сабзи ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Боиси қайд аст, ки тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хирс, гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот дар мавзеи мазкур гандум – 100 кг, ҷав – 50 кг, сабус - 60 кг, картошка - 300 кг, сабзӣ – 150 кг, лаблабу - 100 кг, себ – 100 кг, намак – 20 кг ва бастаи хошок – 40 адад паҳн карда шуд.
Корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич
Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар ду мавзеи ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаи давлатии хоҷагииҷангал корҳои биотехникӣ доир гардидааст. Дар мавзеи Шировути ноҳия 200 кг картошка, 200 кг ҷав, 50 кг намак ва 20 банд хошоки дағал пошида шудааст. Дар мавзеи Даҳанасойи ноҳия низ бо иштироки муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо истифодаи 350 кг картошка, 300 кг ҷав, 200 кг шалғам, 60 кг намак ва 25 банд хошоки дағал корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ як қатор намуди ҳайвоноту паранда, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш, рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ ва бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Дар давоми ду рўз дар ноҳияи Ҷ.Расулов корҳои рў ба беҳдошти муҳити зист нигаронида амалӣ гардид. Ободии кўчаи протоколии марказ – ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист буда, бо мақсади обод намудани қадди роҳи нақлиётгард аз ҳисоби бахши ноҳия 60 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар харидорӣ карда, якҷоя бо 35 нафар сокинони маҳалла шинонида шудааст. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 600 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо ва аҳолии маҳаллаҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар натиҷа 2,2 километр ҷўйбор тоза гардида, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудааст. Баробари ин дар соҳили Исфана – сойи ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ду нуқтаи партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаи махсус бартараф гардид.Ҳаҷми партовҳои бесоҳиби бартарафгардида, дар маҷмўъ 6 метри мукаабро ташкил дод.