Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон чорабинӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таърихи Парчам ва тавсифи он, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд, баромад намуд. Дар қисмати адабии чорабинӣ хонандагон оиди муқаддасоти ватан ва гиромидошти он, дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол  шеъру сурудҳо қироат намуданд.

Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор

  Дар толори меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» ва дастгирии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (Jica), семинари машваратӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба огоҳии мардум дар бораи тағйирёбии иқлим ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ ғайр аз намояндагони Кумита, Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати Озони Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндаи «Jica», кормандони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳо, роҳбарони Маркази обуҳавосанҷии вилоят ва Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоева Г., намояндаи «Jica» Узоқов Б. ва муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. шунида шуд.

Таҷлили Рӯзи Парчам шаҳри Исфара

  Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд. Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён ва корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара оид ба таърихи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда шудани ин санаи таърихӣ баромадҳо карда шуд. Донишҷуён низ доир ба пос доштани ин муқаддасоти миллӣфикру акидахои худро баён  намуданд.

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо таманниёту фараҳмандии  афзун бо фарорасии санаи фархундаву таърихии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманно дорад, ки то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.  Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба хамаи шумоён табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.