Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон ва кормандони сарраёсат маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 24 ноябр, дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санаи таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 24 ноябри соли 2009 бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад, ёдоварӣ намуд. Дар навбати худ сармутахассис оид ба ҳуқуқи сарраёсат Юсупов Т. бобати моҳият ва тартиби истифодаи расмии парљами давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ”ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ муовини сардори сарраёсат бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба хамаи иштирокдорон табрику муборакбод гуфта, итминони комил изҳор намуд, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.
Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими механизмҳои татбиқи муқаррароти Конвенсияи Орхус
Санаҳои 19 - 20 ноябри соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣоидбатаҳкимимеханизмҳоитатбиқи муқарраротиКонвенсияиОрхус баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳамаи панҷ Марказҳои Орхус аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хорог ва Ғарм, намояндагони дигар ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин аз вилояти Суғд сармутахассиси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» ҳамчун шарики доимии Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд иштирок дошта, чорабинӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар рафти семинардар бораи қоидаҳо ва принсипҳоиКонвенсияи Орхус, ҳуқуқ ба иттилооти экологӣ ва механизмҳои татбиқи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаклҳои асосии иштироки аҳолӣ дар қабули қарорҳои назарраси экологӣ, асосҳо барои ҷустуҷӯи адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус, тартиби роҳҳои муҳофизати ғайрисудӣ (маъмурӣ) ва хусусиятҳои усули ҳимояи судӣинъикос шуда, ҳамзамон презентатсияҳоиМарказҳои Орхус дар бораи фаъолияти худ пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисми муҳокимаи маърўзаҳо саволу ҷавоб ба амал омада, ҳамчунин дар гурӯҳҳоихурд корбарӣ карда шуд.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд. Зимни суханронӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ғаффоров Ҷ. аҳамияти баргузории «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» васаҳми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлати навини тоҷикон қайд намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, пешрафту нумӯи давлати тоҷикон аз файзу баракати ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма гирифт. Кормандони бахш низ оид ба сиёсати пешгирифтаи хирадмандона ва бо шарофати Сарвари давлат хубу беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ баромадҳо намуданд.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш маҷлиситантанавӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А.И. зикр намуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар рафти маҷлис кормандони бахш баромадҳо намуда, аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масоили об, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дастгирӣ ёфт, суханронӣ намуданд.
More Articles...
- Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ
- Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат