Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии кўҳҳо

  Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, бахшида ба санаи муҳим 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Мутахассиси шуъба дар бораи санаи экологӣ - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо, ҳадафи эълон гардидани ин сана аз тарафи СММ, ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ баромад намуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент

  Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ аз мавзеи Саразми шаҳр оғоз гардид. Дар маъракаи кабудизоркунӣ роҳбарият ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони ҷамоати деҳоти Саразм ва Чинор, ҳамагӣ беш аз 200 нафар иштирок карда, дар натиҷа 600 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки амалҳои ободонию кабудизоркунӣ аз сарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, мавзеи Саразм, то ноҳияи Айнӣ, мавзеи Киштўдак, қадди шоҳроҳи байналмилалӣ идома меёбад. Ҳамчунин, дар дигар минтақаҳои шаҳр баргузории чорабиниҳои мазкур то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон пешбинӣ гардидааст.

Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Истаравшан

  Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади гузаронидани корҳои ободоню кабудизоркунии дар иншоотҳои ҷашнӣ, дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист шанбегӣ ташкил ва баргузор гардид. Шахсан аз ҷониби кормандони бахш, талабагон ва сокинони кўчаи Истаравшани шаҳр, дар маҷмӯъ беш аз 100 нафар, дар назди бинои нави «Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан» корҳои тоза намудани атроф аз партовҳо ва шинонидани ниҳол амалӣ гардид. Дар натиҷа 6 метри мукааб партовҳо бароварда, 70 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

 Дар қаламрави ноҳияи Б.Ғафуров дар доираи шанбегӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, ҳамагӣ 2,8 ҳазор нафар иштирок намуда, корҳои тоза кардани ҳудуд, баровардани партов, тоза кардани қадди роҳ ва ҷўйборҳо ба иҷро расонида шуд. Инчунин, ҳамин рўз маъракаи ниҳолшинонӣ амалӣ гардид, ки дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия бо иштироки 800 нафар кормандони корхонаю ташкилот ва аҳолӣ 3 ҳазор бех сафедор, 750 бех дарахтҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров бо тариқи ҳашар гузаронида шуд, ки мувофиқи ноҳия дар як рўз шинонидани ниҳолҳои дарахтони намудаш гуногун ҳамагӣ 4,4 ҳазор бехро ташкил намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.