Бо мақсади иҷрои саривақтии қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №358 аз 14.12.2020 сол дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, канори роҳи асосии Шайдон-Хуҷанд 250-бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 200 нафар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаю ташкилотҳо, муассисаи хоҷагии ҷангал, бахши ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гузаронида-ни маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар минтақаҳои ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар мавзеи Чиларчаи ҷамоати деҳоти Саразм корҳои биотехникӣ гузарониданд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии гандум – 550 кг, ҷав – 500 кг, биринҷреза – 350 кг, бастаи хошок – 150 адад, бастаи коҳ – 30 адад, бастаи беда – 35 адад, резаи гандум – 370 кг, сабус 750 кг, намак – 200 кг, намаки санг - 50 кг пошида шуд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар мавзеъҳои баландкуҳи Панҷакент низ дар назар аст. Тибқи маълумот дар ин мавзеъҳо ҳайвонотҳо ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, бабри барфӣ, кабк ва дигар намуди паррандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Баҳри иҷрои супориши Кумита, нақшаи кории Раёсат баҳри пешгирӣ намудани фавти ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ аз сардиҳои зимистон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳо аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон дар мавзеи Дараи сабзи хоҷагии ҷангали ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ резаи гандум – 200 кг, резаи ҷав – 150 кг, хошоки дағал – 680 кг, сабус - 120 кг, бастаи хошок – 40 адад, намак – 60 кг, картошка 300 кг, карам – 200 кг пошида шуд. Тибқи маълумот дар ин мавзеъҳо ҳайвонотҳо ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, кабк ва дигар намуди паррандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.
Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол
Гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо, бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир гардид. Мутахассиси бахш ба хонандагон доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, иштироки фаъолона дар аксияхои экологӣ, кабудизор намудани саҳни ҳавлии мактаб баромад намуд.