Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои санҷиши техникии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 73 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, муайян гардид, ки меъёри стандартҳои давлатӣ вайрон карда нашудаанд.
Вохӯрӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҷ.Расулов бо кормандон ва сокинони фаъоли ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Кормандони бахш ба ҳозирин дар мавзӯи пешгирии ғайриқонунии шикори ҳайвонот дар мавсими шикор, масъалаҳои партов, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯзонидани барги дарахтон, саҳми сокинони маҳаллаҳо дар тозаву обод намудани муҳити атроф баромад намуданд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар н.Спитамен
Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сохили дарёи Оқсу, канали байнихоҷагӣ, сойи Оқсу, ҷамоати деҳоти Сарбанд бо иштироки 160 нафар сокинон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партов-ҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия 2 км сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 5 м3 ба партовгоҳ бароварда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар мавсими шикор
Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами хайвонот, тибқи фармоиши сардори Раёсат таҳти № 64 аз 28.10.2020 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот дар мавсими шикор» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаи намуди саъба бо лавозимоти ғайриқонунӣ - тӯри махсусгардонидашуда ва «чакас» сокинони ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан Иброҳимов Т., Додоев А. ва Юсупов М. боздошт гардиданд. Нисбати қонуншиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо фиристода шуд. Олоти шикорӣ муваққатан мусодира карда шуда, 10 сар паррандаи саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуд.