Тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Тибқи барқияи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.10.2020, 324/10-39 ва барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28.10.2020, №532-1/9тф дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 октябри соли равон дар «Кохи Сомони»-и пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе баргузор гардид, муташаккилона роҳандозӣ гардид. Боиси қайд аст, ки дар ҳмаи зерсохторҳои раёсат дар шаҳру ноҳияҳо чунин  тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунї ташкил гардид.

Сар додани мурғи даштии тазарв ба табиат

Дар Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар давоми қариб ду соли охир парвариши мурғи даштии тазарв, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ворид шудааст амалӣ гардида истодааст. Дар айни замон миқдори парандаи мазкур дар парваришгоҳ ба беш аз 300 сар расида, ҷиҳати ба табиат пахш намудани онҳо корбарӣ карда шуд. Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат дар ҷазира бо мақсади минбаъд афзоиш ёфтани ин парандаи нодир дар табиат 65 ҷуфти онҳо сар дода шуд. Боиси қайд аст, ки соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал, бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» ба истифода дода шуда буд. Раёсат дар оянда низ дар ин мавзеи зебои соҳили дарёи Сир ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконот ва инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, барои нигоҳдорӣ ва парвариши мурғи даштӣ – тазарви сирдарёӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хоричӣ корбарӣ менамояд.

Баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» бо таҷҳизоти нав

 Бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, аз он ҷумла ихроҷи моддаҳои зараровар аз воситаҳои нақлиёт, аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти тамғаи МЕТА «Дымомер» 01МП-ро барои дудченкунии нақлиётҳои, ки бо сўзишвории дизелӣ кор мекунанд харидорӣ карда шуд. Мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат якҷоя бо нозирони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Дар давоми амалиёт 8 адад нақлиёти махсуси корхонаи партовкашони шаҳри Хуҷанд, 12 адад автобуси мусофиркашон ва дар ноҳияи Б.Ғафуров, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ 25 адад нақлиёти боркашони калонҳаҷм, дар маҷмўъ 45 адад нақлиёти гуногунтамға, ки бо сўзишвории дизелӣ кор мекунанд аз ченкунӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи муайян намудани дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар аз нақлиётҳои мазкур ошкор гардид, ки дар баъзеи онҳо партовҳо аз меъёр зиёд ихроҷ мешаванд ва нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» бо ҷалби оммаи васеи аҳолии ноҳия баргузор гардид. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» 170 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия иштирок намуда, беш аз 1 км ҳудуди Томчи – сой аз партовҳо тоза карда шуд. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист ба иштирокдорони аксия 50 адад халтаҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварии партовҳо дастрас гардид. Дар баробари ин, дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот гузаронида шуд. Марказҳои ҷамоат ва худи ноҳия аз партовҳо, аз чумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, корҳои рўбучини қади роҳ ва маҳали зист ба сомон расид.  Ҳамзамон, зиёда аз 2 км ҷўйбор тоза карда шуд. Дар корҳои ободонӣ 340 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд. Партовҳо дар ҳаҷми 15,4 метри мукааб ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.