Бахшида ба 8 март - Рўзи Модар дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон баргузор гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб бо суханони табрикотӣ қайд намуд, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ҳамзамон рафти маҷлис доир ба рисолати зан - модар, мавқеи фаъоли зан дар ҷомеа ва дастгирии доимии ташаббусҳои занону бонувон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид гардид. Дар интиҳо сардори Сарраёсат Холзода Сӯҳроб ба собиқадорони соҳа ва бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ки дар пешрафти соҳа фаъолият мебаранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб ба муносибати 8 Март – Рўзи Модар
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзун модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март - Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро, ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббати самимӣ ба Шумо ободии хонадон, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир ва рӯзгори босаодат таманно дорам. Бигузор рўзгоратон сабзу гулафшон ва зиндагониатон лабрези шодию фараҳ бошад. Ҷашни Рӯзи Модар муборак!
Баргузории вохӯриҳо оид ба масъалаҳои экологӣ
Бо мақсади баррасии масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар зикр гардиданд, тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи масъулини дастгоҳи марказии Кумита бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Д. ва Муминов А., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия, кормандони соҳаи маориф, Маркази назорати давлатии эпидемиологӣ - санитарӣ, ҷамоату шаҳракҳо, Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумита оид ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баромад намуданд.
Вохӯрӣ дар Гимназияи №1-и ба номи Камоли Хуҷандии ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов
Дар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорони фанни экология ва биологияи Гимназияи №1-и ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода И., директори гимназия Мирдадоев М., намояндаи шуъбаи маориф Пӯлотов Ғ. ва бахши ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи маориф меҳмонон муаррифӣ гардида, муовини раиси ноҳия сухан кард.