Ҳ
ангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар қадди роҳи Исфара – Лаккон худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор буриши 1 бех дарахти зардолуро ошкор намуданд. Нисбати қонуншикан – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Кулканд Икромов Содир мутобиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима пешниҳод карда шуд.
Насб 8 адад камераҳои назоратӣ дар ҷойҳои ғайрирасмии кўчаҳои шаҳри Хуҷанд
Б
о мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии ҳар як шаҳрванди ҷомеа ва пешгирӣ намудан аз партофтани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ дар кўчаҳои шаҳри Хуҷанд 8 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд давоми 2 моҳ барои дар ҷойи ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ нисбати 15 нафар сокинони шаҳр бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 5500 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Чил (кабки зирак) парандаи соли 2026
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки тариқи овозди -ҳии пинҳонӣ сурат гирифт, аз 10 номинатсияи парандагони пешни-ҳодшуда бо овозҳои бештар Чил (кабки биёбонӣ ё кабки зирак) парандаи соли 2026 интихоб гардид. Дар нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон дар бораи парандаи Чил чунин маълумот дода шудааст: Чил ба қатори Мурғшаклон – Galliformes ва оилаи Тазарвҳо – Phasianidae дохил мешавад. Ба он ҳамчун намуди осебпазир мақом дода шуда, ба рӯйхати сурхи ИБҲТ (LC) ворид карда шудааст. Чил ё кабки биёбонӣ дар қисмати ҷанубӣ ғарбии Тоҷикистон паҳн гардида, дар пасткӯҳҳои Бобокӯҳ, Сафедкӯҳ, Рангонтов, Қаратови Панҷ, доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шохаҳои ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз маскан мегирад. Сарҳади шимолии паҳншавии намуд аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Муҳити писандидаи зисти намуди кабки зирак пасткӯҳҳои дорои растаниҳои сираки пистаю бодом, теппаҳои регӣ, харсангҳои на он қадар калон, биёбонҳо ва нимбиёбонҳо ба шумор мераванд.
Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон дар шаҳри Истаравшан
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ, бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи саъба машғул буданд. Бо ин кирдор қонуншиканон талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
Ҷаласаи навбатии Сарраёсат
2
8 ноябри соли равон маҷлиси навбатӣ бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ва сардорони шуъбаҳои назоратии сарраёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷагирии фаъолият дар 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Сардори Сарраёсат Холзода Сухроб Хол аз сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо оид ба самтҳои фаъолияташон пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта то ҷамъбасти фаъолоти солона супоришҳо дод. Ҳамзамон баҳри пурзӯр намудани фаъолияти нозирӣ, назорати шинонидани ниҳолҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ, риояи интизоми меҳнат, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари соҳавӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Страница 1 из 324






