Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Академияи зимистонаи «Ҳаво»» баргузор гардид. Академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» WinterAcademy ин лагери омӯзишии 5-руза буда, ба мавзӯи мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он нигаронида шуд. Иштирокчиёни академия 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони ВАО, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мебошанд, ки дар асоси озмун интхоб карда шудаанд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.
Дуғдоғ - парандаи соли 2025
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Ба озмун даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд. Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.
Озмуни экологии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» байни кӯдакистонҳо
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар кӯдакистони «Шукуфаи Истиқлол» озмуни шаҳрии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмун дастпарварони кӯдакистонҳои №23, 25 ва 40 ба даст оварданд. Зинаи дуюмро муассисаҳои таҳсилоти томактабии №15, 32 ва 35 ва ҷойи сеюмро МТТ №1, 18, 20, 33, 37 ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ва фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки озмун соли сеюм бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида мешавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода
Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист, татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., шахсони масъул ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаи Дараи сабз (ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист) маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ниҳолхона 4 бех арчаи ҳамешасабз санавбари крими (крымская сосна), шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ҳамагӣ 610 бех арчаи ҳамешасабзи сановбар шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 дар бораи барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд ноҳияи Деваштич ниҳолҳои сада ба миқдори 1000 бех шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳия ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда ба миқдори 50 ҳазор бех шинонида мешавад.
Страница 6 из 304