
Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 13 январи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 -2028) баргузор гардид. Дар кори он устодони факултет ва кафедра, магистрантҳо, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, донишҷӯёни факултет иштирок доштанд. Ба кори мизи мудаввар декани факултети геоэкология дотсент Аминов М.Ҳ. оғоз бахшид. Оиди иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат дотсент Собиров М.С. баромад намуд.






Санаи 26 декабри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон вохӯрӣ бо прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Маҳмадов Н. бо кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баромади худ намояндаи прокуратура қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз низ ташаббуси навбатии муҳими Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.


