Тибқи фармоиши № 32 аз 1.04.2016 сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси моддаҳои 6,9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» моддаҳои 8,32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4,17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои обанборҳои вилоят, шароити мусоид фароҳам овардан дар рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли 2016 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ манъ карда шудааст.
Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят



Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (
Санаи 10 марти соли равон ба ифтихори 22 март -
Санаи 4 март дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрии мутахассисони ҷавон, таҷрибаомӯзони факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят таҷриба меомӯзанд, бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Ӯрунбоева М. ва ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмондадиҳии аҳамияту арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу суббот, тарғибу ташвиқи дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани корҳои ободонӣ, 


