Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад. Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бустон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зебову хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Бӯстон – хиёбони Сомониён, К.Хуҷандӣ ва Б.Ғафуров корҳои гулзоркуниву ободонӣ гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо 2 ҳазор дарахтони ороишӣ, 10 ҳазор гули лола, 15 ҳазор гули садбаргва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуд.
Амалиёти фаврӣ дар н.Б.Ғафуров
Ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ, назорати доимии манбаъҳои обӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи нозирони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи захираҳои обӣ маҳсуб меёбад. Бино ба иттилои нозирони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби Раёсат хангоми дида баромадани аризаи шикоятии роҳбарияти бозори чорво воқеъ дар н.Б.Ғафуров нисбати директори ҶДММ «Беҳбудхӯҷа» Атаев Асадулло барои ифлос намудани манбаи обӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаҳои 44,53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тартиб дода шуда буд.
Амалиёти назоратӣ
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ санаи 2 апрели соли равон дар н.Б.Ғафуров аз тарафи фурӯшандаи мағозаи масолеҳи сохтмонӣ Ғаффоров А. ғайрирасмӣ ҷойгир намудани як миқдор партовҳои сохтмонӣ ошкор гардид. Нисбати конуншикан, ки моддаҳои 44 ва 53-и Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» вайрон намудааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ башуъбаиҳифзимуҳитизистин.Б.Ғафуровфиристодашуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли 2020
Санаи 1 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 шунида шуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.