Сайди моҳӣ манъ аст

Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18  аз 31.03.2020, дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», моддаҳои 4 ва 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз санаи 31 март то 15 июни соли 2020 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.

Телефони  боварӣ: (83422) 6–59–81, 4–03-59

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

    Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани манбаҳои обӣ аз партовҳо  санаи 28 марти соли равон дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии сохил» бо иштироки 60 нафар кормандони Маркази дилшиносии вилоят ва беморхонаи физиотерапевтӣ, кӯдакистони президентӣ, ташкилотҳое, ки дар назди соҳил ҷойгиранд, иштирок доштанд. Дар аксияи мазкур соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда,  2,2  м3  партов ба  партовгоҳи шаҳр аз тарафи  КВДК ХНС -и шаҳри  Хуҷанд бароварда шуд.

Моҳипаҳнкунӣ дар кӯли шаҳри Гулистон

Дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони олиқадр  ба вилояти Суғд, дар доираи чорабиниҳои Наврӯзӣ, бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати ташкили сайди моҳидории варзишии сайёҳон бо иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва раиси шаҳри Гулистон дар кӯли Маҷмааи қабули меҳмонони олиқадри вилоят дар ш.Гулистон, санаҳои 24 ва 25 март 15 ҳазор адад моҳиҳои  намуди амури сафед, капур, пешонапаҳн  паҳн карда шуд.

    Бояд қайд намуд, ки сифати моҳихои паҳнкарда ба меъёри стандартӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба талаботҳои санитарию ветеринарӣ  ҷавобгӯ мебошад.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Чӣ хуш аст, ки бо омадани фасли зебои сол – баҳори нозанин ва Наврӯзи ҳуҷастапай Замин аз нав эҳё гашта, ба ҳама мавҷудоти рӯи олам нерӯи тоза мебахшад. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ мекарданд. Хушбахтона, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум инҷониб бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон пуштибонии ҳамаҷониба пайдо намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.