Натиҷагирии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

     Санаи 3 декабри соли равон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2019, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссия дар маҳал, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Дар ҷаласа фаъолияти комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид.

Аксияи «Тозагии муҳити зист» дар ноҳияи Масчоҳ

    Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф аз партовҳо ва хазонреза, бо ҳамин васила  баланд бардоштани  маърифати экологӣ ва ҷалб намудани аҳолӣ ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ аксияи «Тозагии муҳити зист»  баргузор гардид. Дар аксия кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоат  ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, латоку ҷуйборҳо 1200 м тоза карда шуда, 24 м3 партов ва хазонҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд. Баргузории чунин шанбегиҳо баҳри сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома дорад.

Мониторинги экологӣ

Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд моҳи ноябри соли равон, тибқи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои вилоятро гузаронида, тағирёбии тамоюли таъсир ба ҳолати фазои атмосфераю манбаҳои обӣ ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Дар мавзеҳои Надок-сой ва Навгарзан-сойи ноҳияи Ашт, дар масофаи 150 – 500 метр дур аз сарҳад намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунӣ нишон дод, ки нишондодҳо аз консентратсияи ҳадди ҷоиз зиёд нест. Ғайр аз он, дар ноҳияи мазкур фулузоти вазнин дар об ва таркиби намунаҳои хок муайян гардид ва аз меъёр зиёд будани мис (Cu), оҳан (Fe), фтор (F), кадмий (Cd) ва руҳ (Zn) ба қайд гирифта нашуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар доираи 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар доираи нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи ноябри соли равон бахшида ба 1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бўстон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Шаҳристон, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия ҳамагӣ 54,4 ҳазор нафар иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷониби иштироккунандагон корҳои тоза кардани ҷўйбор – 85,8 км, тоза намудани ҳудуд – 24,7 ҳазор метри мураббаъ, тоза намудани қадди роҳҳо – 24,4 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ – 500 метр, тоза намудани заҳбур ва канал – 1,9 км, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 3,2 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани роҳгашт – 550 метр иҷро гардида, ба партовгоҳҳо 276,3 метри мукааб партов бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.